Мушкилоти соли равон пайдошуда дар чанде аз бонкҳои кишвар дар мавриди пардохтпазирии онҳо ба иҷрои қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе низ таъсири манфӣ расонид.

Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин робита изҳор намуд, ки 141 млн. сомонӣ маблағи андоз, ки ба буҷети шаҳр тариқи бонкҳо пардохт шудааст, то ҳол ба ҷойи таъиноташон нарасидаанд.

Ба гуфтаи раиси пойтахт, ин яке аз сабабҳое мебошад, ки қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳамагӣ 90,6% иҷро шудааст.

Сабаби дигари ба иҷро нарасидани буҷети шаҳррро Маҳмасадсаид Убайдуллоев коҳиши маблағи даромадҳо аз андози ширкатҳои мобилӣ унвон кард, ки ин ба кам шудани даромади худи ин ширкатҳо марбут аст.

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ ба қисмати даромади буҷети шаҳри Душанбе ба ҷойи 1 млрд. 221,3 млн. сомонии пешбинишуда, 1 млрд. 106,6 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Қисмати хароҷоти буҷети пойтахт давоми моҳҳои январ-декабри соли равон 1 млрд. 83,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки ба 78,8% аз ҳаҷми пешбинишуда баробар аст.