Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия, соҳиби манзили нави зист гардид.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, калиду ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро ба ӯ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахти кишвар, ки имрӯз, 16-уми декабр дар "Душанбеплаза", баргузор шуд, супурд. Инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров дар ин маросим "Шаҳрванди ифтихории Душанбе" эълон шуд.
Дилшод Назаров имрӯз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, манзили наве, ки раиси шаҳр ба ӯ тӯҳфа кардааст, дар қабати 4-уми бинои нави бисёрошёна, дар кӯчаи Деҳлавии маркази пойтахти кишвар, ҷойгир шудааст.
Зимнан, аз ин пеш Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I - сарфароз гардонида шуда буд. Ин мукофотро 26 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров супурд. Ҳамчунин раисиҷумҳур ба ӯ 300 000 сомонӣ тақдим кард.
Инчунин, ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори Дилшод Назаров номгузорӣ кардааст. Дилшод Назаров метавонад аз ин нуқта ба таври ройгон ва доимӣ Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров 19-уми августи соли ҷорӣ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ин аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста