Чорабиниҳои асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз рузҳои 21-22 марти соли оянда дар шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Доир ба корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи соли оянда рӯзи 19 декабр дар машварати назди ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан рафтааст.
Дар вохӯрӣ қайд шудааст, ки соли оянда дар тамоми маҳалалҳои аҳолинишин ва корхонаву ташкилотҳои кшвар чорабиниҳои идона ташкил карда мешаванд. Ёвари президент аз сохторҳои дахлдор дархост кардааст, ки дар фурсати наздиктарин лоиҳаи рамз (логотип)-и ҷашни Наврӯз-2017-ро омода созанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2009 ҷашни Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) дохил шуд. Аз он замон санаи 21 март Рӯзи байнулмилалии ҷашни Наврӯз эълон шудааст.
Ғайр аз ин, бо дархости ҳукуматҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, Туркманистону Қирғизистон ва чанде дигар кишварҳо, Дабири кулли САҲА Марк Перрен де Бришамбо қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ҷашни Наврӯз байнумилалӣ эълон шуда ва рӯйхати ягонаи ҷашнҳои САҲА шомил карда шуд.