Шӯрои уламои Тоҷикистон изҳор мекунад, ки аз ҷониби тоҷикистониён дар Соли Нав ба кӯдакони худ ҳадя кардани туҳфаҳо ҳеҷ ҷойи айбе надорад.
Дар бахши «Саволу ҷавоб» яке аз корбарони сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон савол додааст, ки «Оё мувофиқи қонунҳои шариат барои фарзандони хурдсол туҳфаи солинавӣ харидан мумкин аст?».
Шӯрои уламо ба ин савол чунин посух додааст: «Албатта хурсанд кардани фарзандон ва харидани туҳфа барои онҳо рӯзи муайян надорад, ҳар вақте ки волидайн дорои шароити хуби молӣ бошанд, метавонанд ба фарзандони худ туҳфаҳо тақдим намоянд».
Ҳамчунин дар идомаи посух гуфта мешавад, «дар рӯзҳои соли нав ҳам, ҳамчун як иди қонунӣ ба қадри тавоноияш ба фарзандон туҳфае дода, моҳияти соли навро ба онҳо фаҳмонад, хуб мешавад, яъне ҷашни соли нав як одат аст, на ибодат».