Мактаби рақами 67-и деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакиро ба номи Ҳомид Маҷидов, забошиноси номошнои тоҷик гузоштанд. Дар ин бора духтари ин донишманди тоҷик ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маросими номгузории мактаб имрӯз бо иштироки пайвандони Ҳомид Маҷидов ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва бахши маориф сурат гирифтааст.
Қарори номгузории мактаби рақами 67-и ноҳия ба номи забоншинос Ҳамид Маҷидов аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдаки 30-юми сентябри соли 2024 содир шуда буд.
Ҳомид Маҷидов, профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби 20 июни соли 2022 дар синни 85 солагӣ даргузашта буд.
Ӯ 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983) буда, аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик.
Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста