Зимни нишасти хабарии Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ зикр гардид, ки бар асари хунукназарии комиссияҳои маҳаллии тақсимоти замин, қитъаҳои ҷудошуда насиби миёнаравон ё афроде мешаванд, ки ба васеъкунии манзили зисташон ниёз надоранд.
Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита вазъ дар Ҳисорро мисол оварда, қайд кард, ки дар ин ноҳия барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ 1 298,7 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, вале то ҳол 31%-и аҳолӣ қитъаи замин нагирифтааст.
«Чанде қабл мақомоти прокуратура 700 адад қарори собиқ раиси ноҳияи Ҳисор дар бораи ҷудо шудани қитъаи заминро бекор карда, онро ғайриқонунӣ шумурд», - иброз дошт раиси Кумита.
Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти мавҷуда аз сарчашмаҳои дигар, ин қитъаҳои замин бояд миёни 500 нафар аризадодагон тақсим мешуданд, вале аз ҳисоби кам кардани меъёри ҷудокунӣ, 706 нафар шаҳодатномаи замин гирифтаанд ва ғайр аз ин, қисмате аз ин қитъаҳо ба шахсоне дода шудаанд, ки ба он эҳтиёҷе надоштаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста