Дар минтақаҳои Тоҷикистон мансабдорони маҳаллӣ то ҳол ба оилаҳои муҳтоҷ қитъаҳои замини аз ҷониби ҳукумат ҷудошуда тайи солҳои ахирро намедиҳанд.
Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 29 ҳазор гектар заминҳое, ки барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо шудаанд, 32 фоизаш то ҳанӯз ба аҳолӣ тақсим нашудааст.
«Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзил ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо замони Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ду баробар зиёдтр мебошад», - иброз дошт раиси Кумита.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, баъди яке аз сохторҳои бештар ба фасод ғӯтавар номида шудани Кумитаи заминсозӣ аз ҷониби сарвари давлат, ба корҳои муқовимат бо ин падида дар воҳидҳои зертобеъи ин ниҳод тақвият бахшида шуда, ҳамаи 31 нафар кормандони Кумита дар маҳалҳо, ки дар коррупсия даст доштанд, аз мансабҳояшон барканор шудаанд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи меъёрҳои қабулшуда ба ҳар як шаҳрванд 12 метри мураббаъ майдони манзили зист пешбинӣ шуда, агар оила дар майдони аз меъёри нишондодашуда камтар зиндагӣ дошта бошад, ба ӯ бепул қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Чунин оилаҳо бояд дар комиссияҳои маҳаллии тақсимоти қитъаҳои замин худро ба қайд гузоранд.




