АНОНС
- Муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар кори ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Русия иштирок мекунад;
-КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 09-00;
- Нишасти хабарии Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 11-00;
- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои МТС, ошёнаи 2-юм) оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти хабарии Агентии омори назди президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8893 сомонӣ;
1 евро – 8.4960 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1305 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1500 — Аврупоиҳои аввалин ба Бразилия омада, резишгоҳи Амазонкаро кашф намуданд.
1924 — Шаҳри Петроград ба Ленинград номгузорӣ шуд.
1956 — Анҷумани X-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
1963 — Фурудгоҳи нави Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.
2004 — Бо фармони президент фармондеҳи Гвардияи президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев аз вазифа озод карда шуд. Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.
2011 — Дар Тоҷикистон нисбат ба масъалаи никоҳ бо хориҷиён маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд.
1935 — Зодрӯзи шоир Наримон Бақозода.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +1+6.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -3-8.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -4+1.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +2+4.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста