АНОНС

- Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 10-00.

- Дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбуотӣ барпо мешавад. Оғоз соати 16-00;

- Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои фтуболи «Ҳосилот» (Фархор, Тоҷикистон) ва «Шоҳин Асмоӣ» (Кобул, Афғонистон) бозии даври интихобии Ҷоми КФО-2017 доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.9021 сомонӣ;

1 евро – 8.4031 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1289 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1865 — Манъи ғуломӣ дар ИМА.

1918 — Дар Русия тақвими григорианӣ ( солшумории нав) ҷорӣ карда шуд.

1927 — Ташкили ноҳияи Исфара дар Тоҷикистон (феълан дар ҳайати вилояти Суғд).

1989 — Парвози мунтазами ҳавопаймои бузургтарини мусофирбар дар ҷаҳон «Боинг 747-400» оғоз гардид.

2002 — Дар Тоҷикистон истгоҳи аввалини рақамии телефонӣ ба истифода дода шуд.

1935 — Зодрӯзи нависанда ва журналисти русзабони Тоҷикистон Борис Пшеничный, ки муддати зиёд ба ҳайси сардабири рӯзномаҳои «Комсомолец Таджикистана» ва «Коммунист Таджикистана» фаъолият дошт.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -7-12.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон боришот (борон, барф), рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан арфи тар меборад, рӯзона бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.