АНОНС

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 маълумот медиҳад. Оғоз соати 09-00;

- Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»  оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбутӣ доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2016-и Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ барпо мешавад. Оғоз соати 11-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.9029 сомонӣ;

1 евро – 8.4846 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1307 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Таъсиси газетаи «Деҳқони камбағал».

2008 – Шумораҳои нахустини нашрияҳои ВКД ҶТ «Қонун ва ҷомеа» ва газетаи нерӯҳои марзбонӣ «Сарҳадчӣ» ба табъ расиданд.

2013 — Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев боздошт шуд, ки аз ИМА ба Украина омада буд.

1936 – Зодрӯзи муаррих Искандар Қаландаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -4+1.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -10-15, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -+1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -3-5.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -2-4.