АНОНС

- Ҷаласаи аввали Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси нави пойтахт Рустами Эмомалӣ доир мегардад;

- Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор, Тоҷикистон) ва «Шоҳин Асмоӣ» (Кобул, Афғонистон) бозии ҷавобии марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.9023 сомонӣ;

1 евро – 8.4863 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1310 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Зимни дар Миср қарор доштан президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳри Нораки Тоҷикистон ва Асвони Миср бародаршаҳр эълон шаванд.

2008 — Президенти Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи интиқодӣ ва таҳлилии васоити ахбори умум» фармон ба имзо расонид.

2010 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Фаррух Қосимов дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

2014 — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочи ба масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нуқта гузоштанд.

1910 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, коргардон Миркарим Саидов.

1988 – Мавлуди Нозияи Кароматулло, сарояндаи тоҷик.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -11-16, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -25-30, рӯзона -9-14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -6-11, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -12-17, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -1-3.