ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.9034 сомонӣ;
1 евро – 8.4408 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1312 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1942 — Дар Сталинобод навбати аввали корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода шуд.
2002 — Дар Душанбе нахустин пойгоҳи электронӣ-рақамии алоқаи телефонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
2010 — Дар Маскав собиқ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Вера Шестак аз олам даргузашт.
2013 — Дар Истамбул расман Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
2001 – Даргузашти сароянда Муборакшо Мирзошоев. Сарояндаи маъруф бар асари бемории сили дуҷонибаи роҳҳои нафас ба ҳалокат расида, сабти албоми сурудҳои ретрои дӯстонро ба анҷом расонида натавонист.
1928 – Зодрӯзи шоир Акобир Шарифӣ.
1939 – Мавлуди олими бахши арабшиносӣ Матин Ҳусейнзода, писари филологи маъруф, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. Солҳои зиёд Матин Шарифович ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарварӣ мекард.
1947 – Зодрӯзи ҳунарманди балет, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хосият Боева.
1969 – Мавлуди қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов.
1975 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Рустам Бердиев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, шабона дар доманакӯҳҳо каме барф меборад, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0+5.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -11-16, рӯзона -4+1; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -9-14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, шабона дар доманакӯҳҳо каме барф меборад, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -1-6.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +8+10.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +5+7.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -14-16, рӯзона 0-2.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста