АНОНС

- Дар шаҳри Минск рӯзҳои 8-9 феврал ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқасозии лоиҳаи аснод дар бораи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи низомӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи ҳавоӣ-кайҳонии кишварҳои Иттиҳод баррасӣ мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.9034 сомонӣ;

1 евро – 8.4195 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1308 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1990 — Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон паҳн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.

2004 – Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.

2008 — Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.

2015 — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа боздошт кард.

1921 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.

1927 – Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.

1954 – Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.

1959 — Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.

1875 – Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -13-18, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -14-19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -14-16, рӯзона -1-3.