Сохтмончиён боқимондаҳои мебелро аз бино бароварда, рӯзҳои наздик онро бо панҷара иҳота ва ба кӯчонидан оғоз мекунанд.

Сохтмончиёни маъмурияти ноҳияи Сино ба кӯчонидани бинои мақомоти шаҳри Душанбе оғоз карданд. Гирди бино аллакай чуқуриҳо кофта шуда, ҳамчунин аз дохили бино боқимондаҳои мебел бароварда ва симу ноқилҳои барқӣ канда мешаванд.

Дар ҷои бинои мақомоти шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва боз якчанд бинои истиқоматии равоқдор маҷмааи парлумонӣ сохта мешавад.

1/12

«Маҷмааи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон - хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат афрохта, ба ҷуз иншооти навсохташуда, тамоми биноҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ кӯчонида мешаванд», - иброз дошта буд соли гузашта ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, соли гузашта бо ибтикори шоҳи Арабистони Саудӣ барои сохтмони маҷмааи бинои парлумонӣ дар Душанбе воситаҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Ин нукта зимни мулоқоти раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх низ зикр гардида буд.