Академияи илмҳои Тоҷикистон ному насаби академик ва аъзои вобастаи нави Академияро, ки санаи 14 июл интихоб шуданд, эълон кард.
Дар Академияи илмҳо итминон медиҳанд, ки интихоб қатъиян дар доираи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Академияи илмҳо”, оиннома ва муқаррароти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.
Шахсони зерин академикҳои АИ ҶТ интихоб шуданд:
Муминов Ҳикмат Ҳалимович (физика), Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович (математика) ва Яқубов Юсуфшо (таърих).
Шахсони зерин аъзои вобастаи АИ ҶТ интихоб шуданд:
Абдуламонов Қозимамад (генетика), Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич (физика), Бадалов Абдулхайр (химияи ғайриорганикӣ), Бобоев Тошбой (физика), Гулов Саидалӣ Маъмурович (генетика), Давлатзода Сайфиддин Хайриддин (ботаника ва экология), Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (шарқшиносӣ), Идиев Хайридин Усмонович (фалсафаи иҷтимоӣ), Исҳоқов Сулаймон Абунасрович (математика), Кобулиев Зайнолобуддин Валиевич (экология), Кӯчаров Аламхон (адабиётшиносӣ), Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна (астрономия), Мадвалиев Умархон (физика), Мансури Дилрабо (мошинсозӣ), Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз (сиёсатшиносӣ), Муҳаммадалӣ Музаффар (фалсафа), Назарзода Сайфиддин (забоншиносӣ), Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин (ҳуқуқшиносӣ), Пирумшоев Ҳайдаршо (таърих), Раҳимзода Маҳмад Забир (ҳуқуқшиносӣ), Раҳимов Исматулло (химияи дорусозӣ), Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло (забоншиносӣ), Саид Нуриддин Саид (фалсафа), Саидмуродов Лутфилло Ҳабибуллоевич (иқтисодиёт), Саидов Абдусаттор Самадович (зоология), Салиҳов Тағоймурод Ҳаитович (физика), Султонов Мирзоҳасан Баротович (забоншиносӣ), Табари Абдулло Ҳабибулло (математика), Тӯйчиев Шарофиддин (физика), Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич (физиология), Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб (таърих), Шарифов Худоӣ (адабиётшиносӣ) ва Ятимов Саймумин Сатторович (сиёсатшиносӣ).




