Субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик иборат аз 185 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор шуд.
Ба гуфтаи сармутахассиси Кумитаи дин Мансур Назаров, тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат - “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд.
Парвозҳо ба шаҳри Ҷидда аз ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Хуҷанд сурат мегиранд. Охирин гурӯҳи зойирини тоҷикистонӣ рӯзи 23 август ба Арабистони Саудӣ фиристода мешаванд.
Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 32 ҳазору 671 сомонӣ (тибқи қурби ҳозира - беш аз 3 ҳазору 630 доллар) муқаррар шуда, шумори квотаҳо ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бетағйир - 6,3 ҳазор нафар боқӣ мондааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар бораи ба квотаи ҳаҷ дохил накардани шахсони синни аз 40-сола поин қарор қабул шуда, Кумитаи дин бо ин васила масъалаи навбати хеле зиёди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷро ҳаллу фасл карданист.
«Ҳадафи ин қарори мо бештар ба шахсони калонсол фароҳам оврадани имкон барои адои маросими ҳаҷ ва амалӣ шудани орзуи деринаи онҳост», - гуфта буданд он замон дар Кумитаи дин.
Муддати чандин сол Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро 20% кам мекунад ва бисёре аз шахсони калонсол аз имкони адои маросими ҳаҷ маҳрум мешаванд.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста