Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд санаи 21 августи соли равон оғоз гардид.
Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳамчунин, баъди қабул, меҳмонон ба самти деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардиданд. Сипас, аз ҷониби меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пояи муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, илова бар ин фарҳангчиёни бадахшонӣ аз Хона - мӯзейи ин шоири номдор дидан намуданд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» баргузор гардид.
Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ ба чор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор гардиданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд то 26 августи соли 2017 ҷараён мегирад ва дар он беш аз 850 нафар аҳли фарҳанг, илму ҳунар иштирок меварзанд.
Фарҳангчиёни ВМКБ дар ин Ҳафта аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят дидан намуда, инчунин ҳунару маҳорати худро баҳри сокинони вилоят намоиш медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста