Охири моҳи август 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон меоянд. Дар бораи сафарбарии омӯзгорон дастури раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба имзо расидааст.
Нашрияи «Российская газета» дар ин робита менависад, омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун - вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон буда, музди меҳнати моҳонаи онҳо 74 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.
Гуфта мешавад, 14 ҳазор рубли маош ва макони зисти омӯзгорони русиягиро Тоҷикистон таъмин намуда, 60 ҳазор боқимондаи музди меҳнат ва суғуртаи тиббиашон аз ҷониби Вазорати маорифи Русия пардохт карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар остонаи оғози соли нави хониш Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 20 тонна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ медиҳад, ки тақрибан 70 ҳазор нусха китоб мебошад.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия изҳор дошта буд, ки Русия дар Тоҷикистон 20 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтанист, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад.
«Ин сармоягузории Русия буда, фаъолияти мактабҳоро Тоҷикистон таъмин мекунад, - шарҳ дода буд ӯ. - Бунёди зербинои моддии мактабҳо аз ҳисоби маблағгузорӣ аз буҷети Русия сурат мегирад».





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста