Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор медорад, ки намояндагони комиссияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани ғизо аз дастурхони маъракаҳои ҷашну маросим ҳуқуқ надоранд.
Сухангӯи Кумита Афшин Муқимов дар ин робита қайд кард, ки аъзои комиссияҳои ҷамъиятӣ танҳо метавонанд ҷиҳати пешгирии исрофкории беҳуда дар маъракаҳои тӯй ва азодорӣ, ҳамчунин дигар маросимҳо бо мардум суҳбатҳо гузаронида, зараровар будани онро шарҳ диҳанд.
Чанде пеш васоити ахбори умум хабар доданд, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намудааст.
Мақомот гуфтаанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст. Ҳарчанд нисбат ба хонаводаи арӯс санад тартиб дода шуд, ба хотири дар марҳилаи пеш аз вайрон шудани қонун содир шудани он, ин хонаводаро ҷарима набастаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ин оила муқаррароти моддаи 10, қисми 2-и қонуни танзимро риоя накардааст, ки дар он баргузории маросимҳои ноншиканон, модарталабон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, роҳбандон манъ карда мешавад.
«Оилаи Зайдулло Худоёров барои зиёфат дар хонаи домод кулчаҳои махсус ва ҳалво пухтааст, ки ин нақзи қонун аст, - иброз дошт ӯ. - Вале дар ҳамин ҳолат ҳам ҳеҷ касе ба мусодираи ғизо ҳақ надорад ва ин амал сурат ҳам нагирифтааст».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста