Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба унвони Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар оид ба тафтиши воқеъбинонаи ҳодисаи лату кӯби муҳоҷири тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикиров муроҷиатнома (нота) фиристод.
Муроҷиатномаи мазкур рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 9 рӯз пас пас аз ҳодиса ирсол гардида, аз сафорат имрӯз дар ин бора хабар доданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатӣ хабар доданд, дар муроҷиатнома дархост шудааст, ки «далели лату кӯби бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон дақиқкорона ва воқеъбинона мавриди тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд». Ба муроҷиатнома алҳол посух дода нашудааст.
Ба савол доир ба дар куҷо айни замон қарор доштани Наврӯз Зикиров, ки чанд рӯз баъди лату кӯб аз бемориситон рухсатӣ шуда буд, дар сафорат қайд карданд, ки тибқи маълумоти ба онҳо расида, «ӯ феълан дар ватан, Балҷувон қарор дошта, солим аст ва назди волидону оилааш рафтааст».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 сентябр посбонони маркази савдои «Москва» муҳоҷири тоҷик Наврӯз Зикировро лату кӯб карданд, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамон рӯз баҳри дастгирии ҳамватани худ назди маркази савдо наздики 150 нафар ҷамъ омада, ба муноқиша пардохтанд. Ҳудуди 50 нафари онҳо боздошт шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста