Бо сабабҳои техникӣ муҳлати бақайдгирии иштирокчиёни барномаи раводиди DV-2019 ба санаҳои дигар гузаронида мешавад ва маълумоте, ки то 18 октябри соли 2017 ба барнома ворид гардид, баррасӣ карда намешавад. Он бояд аз сари нав аз тарафи довталабон ворид карда шаванд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, муҳлати нави бақайдгирии довталабони раводиди DV-2019 барои ворид намудани маълумот нисфирӯзии 18 октябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, оғоз меёбад ва нисфирӯзии 22 ноябри соли 2017, тибқи вақтшумории шарқӣ, анҷом меёбад.
Маълумоти шахсоне, ки то рузи чоршанбе, санаи 18 октябри соли 2017 бақайд гирифта шудаанд, дида баромада намешаванд, ва онҳоро лозим аст, ки маълумотро аз сари нав, дар давоми муҳлати нави бақайдгирӣ, ба барнома ворид намоянд.
Боиси таассуф аст, ки довталабони барномаи раводиди DV-2019 бо чунин камбудиҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Муаммои техникӣ аз он иборат буд, ки интихоби давлате, ки ҳаққи дар барномаи мазкур иштирок карданро дорад, ғайриимкон буд ва аз давлате, ки ҷои таваллуди онҳо мебошад, фарқ мекунад.
Ин танҳо дар ҳолатҳои муайяни маҳдуд иҷозат дода мешавад. Ин натиҷаи ҳар гуна дахолати беруна ё талошҳои шикастани сомона набуд. Бо вуҷуди ин, барои таъмини адолат ва ҳифзи раванди мукаммал барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, мо бояд раванди воридшавии маълумотро дар соли ҷорӣ давом диҳем (DV-2019).
Довталабон метавонанд ба шакли воридшавии маълумотҳои электронии DV (E-DV) дар сомонаи расмии dvlottery.state.gov дар давоми муҳлати бақайдгирӣ, дастрасӣ пайдо кунанд. Дастурҳо оид ба лотереяи DV инчунин дар сайти ҷамъиятии Департаменти давлатӣ дар usvisas.state.gov/dv/instructions дастрас мебошанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста