Муфтии Маскав Албир Крганов дар бораи хатари ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бинобар сабаби ташкили гурӯҳи нави террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон изҳори назар кардааст. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
«Мутаассифона, мо ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷиронро мушоҳида дорем. Ба ин як қатор сабабҳо ҳастанд, аз ҷумла, албатта, ҷалби шаҳрвандон аз ҷониби ифротгароён. Ин оммаи хеле осебпазир аст», - гуфтааст Крганов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни нишасти хабарӣ дар хабаргузории «Россия сегодня».
Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита муфтиёти Русия бо Ӯзбекистон дар ин самт ҷиддӣ ҳамкорӣ дошта, бо онҳо созишнома ба имзо расидааст ва ҷониби Ӯзбекистон байни шаҳрвандонаш корҳои пешгирӣ аз терроризму ифротгароиро роҳандозӣ кардааст.
«Тоҷикистон паҳлӯи дигари масъала буда, аз ин кишвар дар Русия муҳоҷирон зиёданд,- иброз доштааст ӯ. - Айни замон дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон гурӯҳи нави бузурги ифротгарои «Хуросон» бо шумори якчанд ҳазор ташкил ёфта, бо назардошти нозукии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, хатари ҳамроҳ шудани ифротгароён бо тоҷикони муқими Русия вуҷуд дорад ва дар ин самт мо кӯшиш дорем, ки бо муфтияти Тоҷикистон ва дигар сохторҳо масъаларо баррасӣ намоем».
Ӯ илова кардааст, ки мутаассифона, алҳол мусалмонони Русия аз ҷониби Тоҷикистон доир ба ин масъала ҳусни тафоҳумро намебинанд: «он ба тавре нест, ки талаб мешавад».
«Ин ҷо кор мебояд кард ва дар навбати аввал ин ҷо бояд худи онҳо манфиатдор бошанд. Мо ба гаравиши муҳоҷирон ба тундгароӣ манфиатдор нестем, зеро ин пеш аз ҳама, амнияти кишвари мост ва онҳо бояд инро бифаҳманд. Ҳам ташкилотҳои миллӣ ва ҳам сафорат, ки фаъолият доранд, бояд дар ин самт мушаххастар кор кунанд. Алҳол мо чунин корро намебинем», - қайд кардааст номбурда.
Нашрия менависад, ӯ аз эҳтимол дур надонистааст, ки гурӯҳи «Хуросон» созмони террористии «Давлати исломӣ»-ро иваз карда метавонад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста