Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иқдоми наверо роҳандозӣ намуд, ки мувофиқи он сокинони шаҳр метавонанд доимо бо шаҳрдорӣ дар робита бошанд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, акнун сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки қонуншиканиҳо ва дигар камбудиҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳрро дар телефонҳои ҳамроҳ ё дигар воситаҳои техникӣ сабт намуда, акс ё навори видеоро ба суроғаи раиси пойтахт - [email protected] ирсол намоянд.
Муаллифон метавонанд мухтасар чӣ гуна содир шудани қонуншиканӣ ё камбудии ҷойдоштаро дар навори видео шарҳ дода, онро ба суроғаи электронии зикршуда, ҳамчунин тариқи шабакаи Vaiber ё Whats App ба рақами 985-95-22-22 фиристанд.
Таъкид мешавад, ки махфӣ нигоҳ доштани ному насаби афроди акс ё навори видео ирсолкарда ба суроғаи раиси пойтахт ё рақами зикршуда кафолат дода мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста