Аз 1 ноябр то 3 ноябри соли равон ҳайати намояндагии мубодилаи фарҳангӣ аз Ҷопон ба Тоҷикистон азми сафар дорад. Ҳангоми сафар намояндаи ин ҳайат, тарроҳ (дизайнер)-и машҳури Ҷопон, хонума Ҷунко КОШИНО барои мардуми Тоҷикистон намоиши муд баргузор хоҳад кард.
Ҷунко КОШИНО дар тамоми дунё, аз ҷумла Пекин, Ню-Йорк Ветнам, Куба, Лаҳистон, Мьянма, намоиши муд гузаронида аст. Соли 2006 бо унвони “Cavaliere dell 'Ordine della Stella della Solidarieta’ Italiana.” (Ордени ситораи баҳодури ҳамфикрии Итолиё) сарфароз гардида аст. Инчунин ӯ аъзои кумитаи тадорукотии Бозиҳои Олимпӣ ва Параломпии Токио-2020 ва Намояндаи махсуси Экспо-2025 Осака мебошад.
Намоиши муд дар Толори калони Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ) рӯзи 2 ноябри соли 2017 соати 16:00 баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур маҷмуи сарулибоси тарроҳи Ҷопонӣ Ҷунко КОШИНО ва тарроҳи тоҷик Нафиса ИМРАНОВА нишон дода мешавад.
Баъди намоиши муд, филми ҳунарии ҷопонӣ “Доимо: Ғуруб дар хиёбони 3” намоиш дода мешавад. (Филм дар бораи Бозиҳои Олимпи соли 1964 дар Токио, соли 2012 ба навор гирифта шудааст)
Даромад ройгон аст! Ҷои нишаст маҳдуд!
Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ аз ҷониби Бунёди Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русӣ-Тоҷикӣ (Славянӣ) баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста