Ба муносибати 23-юмин солгарди ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ доир мегардад.
Тибқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст ки аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷети шаҳрӣ барои пардохти хароҷоти мусобиқа 48 ҳазор 700 сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Қайд мешавад, ки ин чорабинӣ бо мақсади рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт ва ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Раиси пойтахт дар қарор ба ҳамаи сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин кардани баргузории мусобиқа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста