Ашъори бештар писандидаи шоир ва журналисти маъруф Сардор Раҳдор дар маҷмӯаи нав гирдоварӣ шуданд. Ин китоб санаи 4 ноябр ба муносибати 65-солагии шоир дар Маркази исмоилияи Душанбе муаррифӣ шуд.
Дар ин маросим сиёсатмадорону дипломатҳо, ҳунармандону рӯзноманигрон ва дӯстдорони назм ҳузур доштанд.
Аз осори шоир шеърҳо қироат шуда, сурудҳои ӯ аз ҷониби овозхонони маъруфе чун Нобовар Чаноров, Шуҳрат Сайнаков ва дигарон ба иҷро расиданд.

Китоб аз шеъру тарона, дубайтиҳо, қиссаву сурудҳое иборат аст, ки Сардор Раҳдор тӯли чандин сол онҳоро таълиф кардааст. Ҳамчунин дар маҷмӯъа зарбулмасалу мақолҳое низ гирдоварӣ шудаанд, ки миёни мардуми он сарзамин маъруф аст.
Қаблан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Сардор Раҳдор дар ин робита изҳор намуда буд, ки кӯшидааст дар ин маҷмӯа осореро баргузинад, ки бо афкори хурдсолону кӯдакон созгор бошанд ва ҳамчунин панду насиҳатҳое дар он ҷой дода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста