Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбари он аст, ки ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент имсол дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳои «хоксорона» баргузор мекунад. Шурӯъ аз соли гузашта ин рӯзи ид санаи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад.
Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо семинару мизхои гирд доир намуда, «дар онҳо хизматҳои Пешвои миллат назди мардуми Тоҷикистонзикр мегарданд».
Дар ҳамин ҳол, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ санаи 16 ноябр дар пойтахт таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон - президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мешавад.
Интихоби санаи 16 ноябр барои ин ҷашн тасодуфӣ нест: маҳз ҳамин рӯзи соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии президенти нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ҷашни Рӯзи президент дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат, театрҳои шаҳру навоҳӣ ва дар толори сирки давлатӣ намоишномаҳои бепул ташкил карда шуда, дар Китобхонаи миллӣ ва тамоми китобхонаву осорхонаҳои ҷумҳурӣ маросими намоишҳои китобҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин намоиши рассомону аксбардорони кишвар бахшида ба Пешвои миллат баргузор гардид.
Дар тамоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ низ маросимҳои намоиши китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, машғулиятҳо доир ба муҳтавои онҳо ва дар муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расмҳо гузаронида шуда, дар қисмҳои низомии кишвар таҳти унвони «Садоқат ба президент - садоқат ба Ватан» вохӯриҳои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста