АНОНС
- Дар Душанбе оид ба мавзӯи табодули таҷриба дар масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад;
- Дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир мегардад, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020 баррасӣ мешавад;
- Дар шаҳри Ҳошимин дар мавзӯи «Рушди васеи ҷомеа тавассути ҷорисозии барномаҳои солимгардонӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, мушкилот ва дастовардҳо» Конфронси сеюми байнулмилалӣ баргузор мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 8.8093 сомонӣ;
1 евро – 10.3465 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1458 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.
1946 – Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон (шеъри А.Лоҳутӣ, оҳанги С.Юдаков)-ро тасдиқ намуд. Бори нахуст гимн тавассути радиои ҷумҳурӣ шунавонида шуд.
1972 — Агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Норак» мавриди истифода қарор гирифт.
2006 — Дар Душанбе маросими ба фаъолият оғоз намудани Фонди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
1939 – Зодрӯзи овозхон Гулрафтор Шаҳобова.
1943 – Мавлуди рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.
1947 – Зодрӯзи нависанда Барот Абдураҳмон.
1948 – Зодрӯзи хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.
1953 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тӯраева.
1954 – Зодрӯзи актёри театр Фирӯз Умаров.
1958 – Мавлуди сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар минтақаҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +3+8.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+3, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -7-12, рӯзона +1+6.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +6+11.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста