Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ба дархости «Азия-Плюс» дар мавриди қонунӣ будани талаби пешниҳоди маълумотнома дар бораи шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби гузаргоҳҳои назоратӣ дар нуқтаҳои убури марзи давлатии Тоҷикистон посух дод.
«Мувофиқи моддаи 7-и Шартнома байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ аз 7 сентябри соли 1995, ҳуқуқ ё уҳдадориҳои иловагии барои шаҳрвандони хориҷии дар Тарафи будубош муқарраршуда, барои шаҳрвандони дорои шаҳрвандии ҳарду Тарафи дар қаламрави яке аз Тарафҳо ҳузурдошта маҳдуд намешавад. Ба ин шаҳрвандон, ки ҳангоми убури сарҳади давлатии Тоҷикистон бо худ шиносномаҳои ҳарду кишварро доранд, пешниҳоди маълумотнома дар бораи душаҳрвандӣ ҳатмӣ нест», - оварда мешавад дар посух зери имзои сардори яке раёсатҳои Қушӯнҳои сарҳадӣ Холбаш Холбашов.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Қушӯнҳои сарҳадӣ ба маълумоти ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар сурати дучор шудан ба ҳама гуна поймолкунии қонун ва ҳуқуқҳояшон аз ҷониби сарҳадбонон, бо ариза ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур, 31 ё ба шуъбаи навбатдорӣ бо телефони 48-701-67-79 муроҷиат намоянд.
Ёдрас мекунем, ки дар маводи «Агар шаҳрванди ду кишвар бошӣ, исбот кун, ки гаранг нестӣ» мо доир ба мушкилоти хонандагони дорои шаҳрвандии ду кишвар зимни убури сарҳади давлатии Тоҷикистон маълумот додем, ки бо монеъаҳои навбатии маъмурӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ дучор мешаванд.
Барои хонандагон нофаҳмо буд, ки оё талаби маълумотнома (справка) дар бораи шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби гузаргоҳи марзӣ қонунӣ аст, дар сурате ки мавҷуд будани ҳарду шиноснома аллакай ба ин шаҳодат медиҳад-ку?
Зимнан дар мавриди ин масъала аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки додани чунин маълумотнома ҳатмӣ набуда, вале агар чунин маълумотнома ба шаҳрванд зарур бошад, метавонад онро бепул гирад. Хонандагони ба мо муроҷиаткарда изҳор дошта буданд, ки барои гирифтани он ба кормандони воҳидҳои хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирӣ аз 100 то 150 сомонӣ маблағ пардохт кардаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста