АНОНС
- Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» нишасти хабарии пеш аз вохӯрии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Муҳсин Муҳаммадиев ва Рустам Хоҷаев иштирок мекунанд. Оғоз соати 11:00;
- Дар боғи истироҳату фароғати ба номи Садриддин Айнии пойтахт намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 8.8196 сомонӣ;
1 евро – 10.4459 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1490 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо Бемории пазируфтаи норасоиимасуният (БМПМ) (СПИД).
1926 – Нахустин Анҷумани умумитоҷикии коргару деҳқон ва вакилони аскар.
1957 – Корхонаи ҷуроббофӣ (феълан ҶС «Нафиса»)-и Душанбе ба истифода дода шуд.
1997 – Дар Хуҷанд маросими муаррифии корхонаи муштараки «Kabool Tajik Textiles»-и Тоҷикистону Корея оид ба истеҳсоли нахи пахта ва матоъи ҷинс баргузор шуд.
2006 — Дар Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои бузурги Қазоқистон – «Казкоммертсбонк» боз гардид.
2011 — Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул шуд.
1940 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Усмон Расулов.
1941 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Кимёҷон Нимадҷонова.
1946 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Яҳёев.
1951 – Мавлуди журналист Шоҳтолиб Шоҳқосимов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона баъзан борон борида, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз баъзан борон меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон борида, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона-3+2, рӯзона +3+8.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзоан баъзан охири рӯз борон меборад.
Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста