АНОНС

- Дар Маркази исмоилияи Душанбе аз соати 13:00 то 15:00 бахшида ба ҷашни зодрӯзи Волоҳазрат Оғохон барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Дар барномаи Мавлуди Муборак овозхонҳои шинохта Шуҳрат Сайнаков ва Фирӯз Паллаев ҳунарнамоӣ мекунанд;

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад;

- Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи саводнокии молиявӣ брифинги матбуотӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 09:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8240 сомонӣ;

1 евро – 10.4070 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1491 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюм дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.

2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид.

2011 – Президенти Тоҷикистон аз ширкатҳои Siemens ва Bosch боздид намуда, бо Олмон се санадро ба имзо расонид.

1826-1897 — Зодрӯзи нависанда, шоир ва рассом Аҳмади Дониш.

1916-1996 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нерё Аминов.

1924-2001 – Зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ Рауф Додобоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +1+6; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф)

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +6+8.   

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона 0-2.