Комиссияи иборат аз намояндагони Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Тоҷикистон савияи дониши имомхатибони кишварро санҷида, даҳҳо нафари онҳо аз мақомҳояшон барканор шуданд.
Шумори дақиқи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ки аз имтиҳон нагузаштанд, алҳол номбар намешавад. То имтиҳон, ки охири моҳи декабр шурӯъ шуд, шумори имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ 265 нафарро ташкил медод.
Аз Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде аз имомхатибон ба аксари саволҳо, аз ҷумла қоидаҳои адои намоз мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам ва дигар масъалаҳои фиқҳӣ ҷавоб дода натавонистаанд.
Зимнан зикр гардид, ки санҷиши савияи дониши 3 ҳазор имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ба наздикӣ оғоз мегардад. Имтиҳонгирӣ аз имомхатибон дар Тоҷикистон тӯли 9 соли охир гузаронида мешавад.
Чанде аз имомхатибон, ки аз имтиҳон нагузаштаанд, бар ин назаранд, ки аз фаъолияти динӣ ноадолатона барканор шудаанд. Мансабдорон мегӯянд, вазифаи имомхатиб танҳо аз хондани намозу мавъиза иборат набуда, бояд барои муассисаи динӣ ва ибодаткунандагон низ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Аз соли 2014 давлат ба имомхатибон дар ҳаҷми 800 сомонӣ (наздики 100 доллар) маош муқаррар намуда, хароҷоти нигаҳдориву ободонии масҷидҳо аз ҳисоби хайрияҳои ибодаткунандагон ҷуброн мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста