Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову марказҳои дастхатҳои ду кишвар меҳвари баррасӣ шуда, Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расад.
Зикр мегардад, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфта буд. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешавад.
Дар Китобхона ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи вежа дорад, ки теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Дар миёни онҳо 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусавварҳастанд, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста