АНОНС

- Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар мавзӯи «Технологияҳои рақамӣ дар маркетинг» барои занони роҳбар тренинг барпо мекунад. Чорабинӣ дар Душанбе дар доираи барномаи «Занон дар тиҷорат» доир мегардад;

- Идомаи сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон дар Душанбе. Оғози намоишҳо - соати 14:00 ва 16:00. Нархи билетҳо аз 20 то 50 сомонӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8277 сомонӣ;

1 евро – 10.6480 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1543 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1919 — Дар Олмон ҳизби миллӣ-сотсиалистӣ таъсис ёфт, ки минбаъд Адолф Гитлерро сари ҳокимият овард.

1991 — Ҳафтавори мустақили «Курер Таджикистана» таъсис ёфт.

2016 — Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш, чанде аз фарзандон ва хешовандони наздикаш маросими ҳаҷи умраро адо карданд.

2017 — Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки воситаҳои буҷетии ташкилотҳое, ки маблағҳояшон дар бонкҳои дучори мушкилот ҷой дошт, бозхонд мешаванд.

1929 — Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо.

1941 — Зодрӯзи ҳунарманди театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидмурод Мардонов.

1952 — Зодрӯзи Бобоев Олимҷон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +6+11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -8-13, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -8-13.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона 0+5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борон меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -1-3.