Дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии «Панҷакент - Самарқанд», ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумат хабар дод, айни замон ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ, аз ҷумла ба роҳ мондани фаъолияти назорати марзӣ ва гумрукӣ, барқарор кардани зерсохтори наздисарҳадӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.tj бо истинод ба манбаъ дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, айни замон барои гумрукчиёни водии Зарафшон дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм 10 воҳиди корӣ ҷудо шудааст ва пас аз кушода шудани гузаргоҳ ин 10 нафар ба кор шурӯъ хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байнулмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеи Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон боздошта мешавад.
Дар номаи ба унвони Тоҷикистон фиристода зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам равуои шаҳрвандон ва ҳам боркашионӣ мутаваққиф мегардад. Он замон ҷониби Ӯзбекистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байнулмилалӣ - шаҳри Турсунзода - Сариосиё ва ноҳияи Мастчоҳ - Ойбек амал мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста