Дар шаҳри Ворнежи Русия соҳибкорон Ҳомидҷон Фазлиев ва Ҷамолиддин Хоҷаев, ки ҳарду зодагони Тоҷикистон буда, муддати зиёдест дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, чойхонаи тоҷикӣ боз намуда, ба ифтихори чойхонаи ҳамном дар Душанбе онро низ «Роҳат» номгузорӣ карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии мқомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар чойхона ба мизоҷон маҷмӯи зиёди таому хӯрокҳо ва шириниҳои шарқӣ, бахусус тоҷикӣ пешниҳод мегардад.

Ба қавли муассисон, ошпазҳоро махсус аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки устои касби худ мебошанд. Бисёре аз таомҳои пешниҳодшуда, аз қабили лағмону манту, самбуса ва ғайра аллакай писанди мизоҷон шудааст.
Чойхона бо тарзу услуби сохтмон ва нақшу нигори шарқӣ, аз ҷумла кандакории миллӣ дар чӯб, сӯзаниҳо ва сарулибоси миллӣ зебу ороиш дода шуда, бо ворид шудан ба он мизоҷонро гӯё замоне муҳити афсонавии Тоҷикистони офтобрӯя фаро мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввали фаъолият беш 20 нафар дар чойхона бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки аксарияташон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошанд.
Соҳибкорон мегӯянд, ифтитоҳи чойхонаи миллӣ натанҳо ба беҳтар шудани вазъи хӯроки умумӣ мусоидат мекунад, балки ба сокинони маҳаллӣ барои шиносоии наздик бо таомҳои миллӣ ва фарҳанги қадимаи тоҷикон шароит фароҳам меоварад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси барномаи навсозии симои Душанбе, чанд моҳи наздик кӯчонидани чойхонаи «Роҳат» дар назар аст. Аз ҳисоби заминҳои он васеъ кардани ҳудуди бинои ҳукумати Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Аввали соли гузашта, дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста