Дар Аморати Шарҷа бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид, ки то 25 январ идома меёбад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, маросими ифтитоҳи “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, сафирону намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикони муқими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор гардида, ба он Директори Департаменти фарҳанги Шарҷа Абдулазиз ал Мусаллам ҳамроҳ бо Сафири Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ ва Консули генералӣ дар Дубай Б.Сафарзода бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Дар ҳафтаи ҳунарӣ ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд.
Дастаи ҳаваскорону мутрибони ансамбли фолклории “Помир” ва ансамбли рақсии “Базморо” баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.
Дар чорабинии мазкур анвоъи гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла Оши палов, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста