Зиёни расида ба Тоҷикистон соли 2017 аз офатҳои табиӣ 400-500 млн. доллар арзёбӣ мешавад. Маблағи хеле бузург аст. Вале барои коҳиши ин талафот мо чӣ кор мекунем? Биёед мебинем.
Бо назардошти роҳу пулҳои харобшуда ва дигар иншооти зербино, ин маълумот ба наздикӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дастрас шуд.
Пешакӣ тахмин наметавон кард, ки дар куҷо боз офате рух дода, ба харобиҳову талафот боис мегардад, вале хатари офатҳои табииро ҳамеша метавон коҳиш дод.
Моҳи январи соли гузашта бар асари тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд 17 нафар ҳалок шуданд. Он замон мутахассисон исрор доштанд, ки беш аз 5,5 километри ин роҳ ба иншооти иловагии муҳофизатӣ (галереяҳо) ниёз дорад. Нархи наҷоти ҳаёти одамон - 55 галерея ё худ айвонҳои муҳофизатии иловагӣ - 51,5 млн. доллар аст.
Кӣ онҳоро месозад?
Чанде қабл Вазорати нақлиёт муфассал чӣ тадбир андешиданро ба мо шарҳ дод, вале аз куҷо дастрас кардани мабағ барои анҷоми ин корро онҳо намедонанд. Ширкати хизматрасони роҳ - IRS низ дар ҳамин ҳол аст. Барои сохтмони галереяҳо ширкат пул надорад, зеро плазаҳои нави толлингӣ бунёд намуда, техника харид ва 21 километри роҳро аз таъмир баровард, ки барои он маблағи зиёд сарф шуд.
Галереяҳо шояд намунаи барҷастаи ҳарчи зудтар дарёфти воситаҳо барои иҷро ин кор аст. Барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дигар иқдомҳо низ муҳиманд. Масалан, солҳои зиёдест Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, онҳо барои анҷоми корҳои фаврии наҷотдиҳӣ чархбол надоранд, вале Тоҷикистон барои ин пул надорад. Барои хароҷотҳои бодабдаву пурҳашамат бошад, воситаҳо (худӣ ё қарзгирифта) ёфт мешаванд.
Дар ҷадвали зер дар бораи айни замон чӣ миқдор ва ба кадом иншоот сарф шудани маблағҳо маълумот оварда шудааст.

Ва ин ҳам танҳо қисмате аз хароҷот аст ва гуфта наметавонем, ки тамоман нолозим, вале дақиқан аввалиндараҷа нест. Хотиррасон мекунем, ки барои сохтани ҳамон галереяҳо 51 млн. доллар маблағ лозим аст. Ва онҳо барои наҷоти ҳаёти мардум кумак мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста