Соли гузашта дар вилояти Суғд 38 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба соли 2016 - 6 ҳолат зиёдтар аст.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят аз ҷониби ноболиғон 145 ҷиноят (соли 2016 - 146 ҷиноят) содир шудааст, ки аз ин шумор 75 қонуншиканӣ (соли 2016 - 81 қонуншиканӣ) ба толибилмони мактабҳои миёна рост меояд.
«Ноболиғон асосан ба ҷиноятҳое чун дуздиву авбошӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даст задаанд», - гуфт Каримзода.
Сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамчунин қайд кард, ки айни замон 223 бинои мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба таъмир ниёз доранд, ки 13-тои он садамавӣ ва 52-тояш - қисман садамавӣ мебошанд.
«Имрӯз дар қаламрави вилоят 923 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал карда, дар онҳо 517 ҳазору 802 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, - иброз дошт номбурда. - Дар мактабҳо беш аз 37 ҳазор нафар омӯзгорон ба таълими хонандагон машғул буда, ҳамасола шумори хонандагони вилоят 15-20 ҳазор нафар зиёд мешавад».
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста