Намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд изҳор доштааст, ки ба зудӣ дар наздикии гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистону Қирғизистон нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳад кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Наврӯз Валиев, раиси намояндагии БМТ гуфтааст, "ба ташкилотҳои қарзии вилоят супориш медиҳем, ки дар назди гузаргоҳҳои марзӣ марказҳои хидматрасонӣ боз кунанд".
Вай иқрор шудааст, ки шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба далели набудани саррофиҳо (нуқтаҳои мубодилаи асъор) маҷбур мешаванд, пулҳои худро дар "бозори сиёҳ" иваз кунанд. Дар рӯзҳои истироҳати ҳафта вақте бонку ташкилотҳои қарзӣ кор намекунанд, мубодилаи асъор ҳатто дар шаҳри Хуҷанд ҳам мушкил аст.
"Бояд ҳамаи марказҳои хидматрасонии ташкилоти қарздиҳӣ на то соати 5, балки то 10 -11-и шаб кор кунанд. Ба ҷуз ин, дари онҳо дар шаҳри Хуҷанд ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигар низ бояд 24 соат боз бошад", - илова кардааст Валиев.
Ёдрас мешавад, ки аз соли 2015 ба ин сӯ Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти саррофиҳои хусусиро пурра манъ кард ва ҳаққи мубодилаи асъори хориҷиро ба бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ дод.
Бо пешниҳоди БМТ барои муомилоти ғайриқонунии асъор ҷазои ҳабс аз 4 то 9 сол ва ҷарима аз 1270 то 1640 нишондиҳаи ҳадди ақал (як нишондиҳанда баробари 50 сомонӣ) таъин гардидааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста