Ҳукумати Тоҷикистон чанде қабл барои интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе озмун эълон кард.
Баргузории озмун бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.
Тибқи маълумоти дарёфтии «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, санаи 8 феврал тартиб ва тарзи баргузории озмун муайян ва ҳайати комиссияи озмун тасдиқ шудааст, ки роҳбарии комиссия ба дӯши сарвазии кишвар Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.
Ба ҳайати комиссия ҳамчунин раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, муовини сарвазир Азим Иброҳим, роҳбарони Кумитаи меъмориву сохтмон, Раёсати рушди зербинои дастгоҳи иҷроияи президент, ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири фарҳанг, роҳбарони Кумитаи заминсозӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, президенти Академияи илмҳо, раиси Иттиҳоди нависандагон ва роҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шомил шудаанд.
Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар майдони 8,5 гектар, дар ҷойи ҳамроҳшавии дарёҳои Душанбе ва Лучоб, қисмати ҷанубии корпусҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ қомат меафрозад.
Ба ғолиби озмун 15 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюмро ишғолкарда - 10 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюми озмун - 7 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста