Соли 2017 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 73,6 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 18 млн. доллар зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти расмии оморӣ, ин кумак соли гузашта аз 53 кишвари дунё оварда шуда, маблағи умумиаш ба 73 млн. 633 ҳазор доллар баробар аст.
Соли 2017 кишвари нисбатан бузургтарини мададарасон ба Тоҷикистон Чин дониста шудааст, ки 32,2 фоиз аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд.
Дар идома Русия (18,6%), Сербия (11,7%), Ҳиндустон (6,9%), Туркия (3,6%), Швейтсария (3,3%), Қазоқистон (2,8%), Олмон (2,7%), ИМА (2,3%), Нидерланд ва Белгия (1,8%-ӣ), Ҷумҳурии Корея (1,7%), Шветсия (1,2%), Дания, Австрия ва Италия (1%-ӣ), Юнон ва Латвия (0,8%-ӣ) ва дигар кишварҳо ҷойгир шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2016 ба Тоҷикистон аз 55 кишвари саросари дунё ба маблағи 55 млн. 800 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид гардида буд, ки қариби нисфи он ба Русия (25,9%) ва Чин (24%) рост омада буд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста