Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 23 феврал директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” Чан Хо Линро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии КМ “Зарафшон” аз дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти идомаи фаъолияти ширкати истеҳсолӣ, ки бо сабаби анҷоми муҳлати иҷозатнома чанд муддат аз фаъолият бозмонда буд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
«Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 “Зарафшон” дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, шумораи коргарон 2100 нафарро ташкил медиҳад, - омадааст дар хабар. - Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона тавсия дод, ки ҳаҷми истеҳсолотро дар соли равон зиёд намуда, онро ба 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ расонад».
Гуфта мешавад, Раёсати корхона уҳдадор гардид, ки бо фаъол намудани хати дуюми истеҳсолӣ, ҷиҳати афзун намудани шумораи кормандон ва баланд бардоштани музди меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешад.
Зикр мегардад, ки раҳбарияти корхона ҳамчунин дар самти бунёди иншооти моҳияти иҷтимоидошта барои шаҳри Панҷакент саҳм гузошта, бо маблағгузории корхона дар маркази шаҳри Панҷакент сохтмони кӯдакистони замонавӣ барои 240 ҷой харҷи 8,5 миллион сомонӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истфода қарор хоҳад гирифт.
«Ҳамзамон, таъмири асосии 15 километр роҳ ва бунёди як мактаби муосир барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби корхонаи муштарак ба нақша гирифта шудааст», - илова шудааст дар маълумот.
Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ба шумор рафта, 70 фоиз аз ҳаҷми умумии тиллои истеҳсолшуда дар кишвар ба ҳиссаи он рост меояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста