Сокинони манзили кӯчаҳои Бухоро №29, Истаравшан №21 ва №25 аз болои ширкати «Муҳаммад-2009» ба мақомоти шаҳрдории Душанбе шикоят бурданд.
Ин ширкат се сол пеш хонаҳои онҳоро кӯчонида, сохтмони хонаи баландошёнаро дар ин ҷо ба итмом нарасонидааст. Сокинони хонаҳо, ки дар мавзеи назди бинои Хадамоти гумрук воқеъ аст, бо раҳбарияти шаҳрдорӣ вохӯрданд.
- Зимни вохӯрӣ бо муовини аввали раиси пойтахт мо изҳор доштем, ки бо вуҷуди ваъдаҳои сершумор, ширкати «Муҳаммад-2009» сохтмони хонаи баландошёна дар кӯчаи Бухороро ба итмом нарасонид. Пулҳое, ки ба мо ҷудо мекунанд, барои иҷораи хона кофӣ нест. Аксарияти сокинони хонаҳои кӯчонидашуда имрӯз дар кӯча бесарпаноҳ мондаанд, - мегӯяд собиқ сокини манзили Истаравшан 21 Олга Гускова.
Ба қавли собиқ сокини кӯчаи Бухоро №29 Таҳмина Абдураҳимова, кӯчонидани хонаҳои онҳо моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд.
- Дар ин ҷо ба сохтмони хонаи 18-ошёна бо номи Zar Palace оғоз карданд. Аввали кор ҳамааш хуб буд. Ба мо пешакӣ барои муваққатан иҷора гирифтани хона барои 10 моҳ пул (400-450 доллар барои 1 моҳ) дода, ваъда карданд, ки семоҳаи сеюми соли 2017 сохтмони хона ба анҷом мерасанд ва аз он ба мо хона медиҳанд, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, сипас ширкат ба мушкилоти молӣ дучор гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ бурда намешаванд.
- Пули иҷорароо бошад, бо дермонӣ ва ҳамагӣ 1000-200 доллар барои 1 моҳ медиҳанд, ки ин миқдор пул барои иҷораи манзил намерасад. Мо маҷбур шудем, ки қарз гирем ва дар ниҳояти кор дар кӯча бесарпаноҳ мондем. Дигар илоҷе наёфта, чанде аз оилаҳо дар дафтари кории ширкат дар ин хона зиндагӣ мекунанд, - илова кард зан.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста