Нависандаи маъруфи тоҷик Равшани Ёрмуҳаммад, падари адвокати маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4 март дар манзилаш аз олам даргузашт, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон.
Ҷасади адиби 76-соларо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, ки зодгоҳаш аст, ба хок супурданд.
Равшани Ёрмуҳаммад китобҳои “Шоҳбузи сафед”, “Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда”, “Гӯркоб”, “Қиссаҳои “Буду набуд”, романи Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ” ва “Хоб ва бедорӣ” ва ғайраро таълиф намудааст.
Писари марҳум адвокат Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба иттиҳоми «қаллобӣ» ва «сохтакории ҳуҷҷатҳо» ба ҳабс гирифта шуд. Ҳабс баъди аз ҷониби Ёров тасмим гирифтан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ сурат гирифт.
Баъдан адвокатро боз мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла «даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ» айбдор карданд. Моҳи октябри соли гузашта адвокат ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Моҳи марти соли 2017 Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беҳурматӣ ба суд» зимни суханрониаш дар суд аз рӯи парвандаи якум боз ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум кард: ҳангоми сухан гуфтан ӯ аз Абӯалӣ ибни Сино рубоӣ қироат кард, ки ин амалро судя беҳурматӣ донист.
Чанде баъдтар нисбати Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳоми қаллобӣ ва таҳқири президенти Тоҷикистон боз ду парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, аз рӯи ин моддаҳо ӯ боз ба 3 соли зиндон маҳкум шуд.
Адвокат Бузургмеҳр Ёров дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон махқум шудааст. Бародар ва хоҳараш Ҷамшед ва Хосият Тоҷикистонро тарк карда, дар хориҷи кишвар қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста