Муовини вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳукумат ният дорад, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро дар як сатҳи муайян нигоҳ дорад.
Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро маъқул шуморид.
Зимни шарҳи тағйирот ба қонун назди вакилон муовини вазири молияи кишвар Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки ин тағйироту иловаҳо ба нигаҳдории афзоиши нарх ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нигаронида шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 1,2 млн. нафар кору зиндагӣ доранд, ки дар як сол ба маблағи умумии 4,1 млрд. сомонӣ беш аз 480 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ истеъмол мекунанд.
«Соли гузашта нархи сабзавоту мева дар бозорҳои Душанбе - 48,8%, гӯшт - 12,2%, шир - 5,6% ва орд - 1,2% афзуд», - қайд кард Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода.
Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи тағийроти имрӯз қабулшуда ба буҷет, КВД «Истеҳсол, фурӯш, хариди маҳсулоти мавриди ниёзи аввал» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, ки ба таври қобили мулоҳиза ба коҳиши нархҳо ба маҳслуоти ғизойӣ дар бозорҳои шаҳр мусоидат менамояд.
Зимнан зикр гардид, ки маблағи умумие, ки ба буҷет аз ҳисоби озод шудани корхонаи номбурда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ворид намегардад, тақрибан 55,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста