Дар меҳмонхонаи «Шератон» имрӯз Форуми минтақавии соҳибкорзанон оғоз мегардад, ки беш аз 200 нафар занони тоҷирро дар соҳаҳои ҳунармандӣ ва сайёҳӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гирдиҳам меорад.
Чорабинии мазкур аз ҷоиби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Асссотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон, сафорати ИМА дар ҶТ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки осиёгии рушд ва USAID созмон дода мешавад.
Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон форуми имсола ба мавзӯи «Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ» бахшида шудааст.
Дар доираи кори форум барои соҳибкорзанон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор машғулиятҳои кушод гузаронида мешаванд. Иштирок дар машғулиятҳо бепул ва тибқи пешакӣ номнавис шудан сурат мегирад.
Ин машғулиятҳоро намояндагони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Олмон ва Тоҷикистон барпо мекунанд.
Рӯзҳои 6-7 апрел намоишгоҳи молу маҳсулоти занони ҳунарманди Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад, ки дарҳояш барои ҳамаи хоҳишмандон боз аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста