Созишнома дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон охири ҳафтаи гузашта дар Тошканд ба имзо расид.
Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ширкати тоҷикистонии «Asian Express» дар ин робита хабар дод, созишнома аз ҷониби намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти автомобилии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, аввали моҳи май равуо автобусҳои мусофирбар байни кишварҳо оғоз мегардад.
Ба самтҳои Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав, Қӯқанд, Бухоро ва Тирмиз 12 хатсайри мунтазам кушода мешавад. Қаблан ифтитоҳи 4 хатсайр зикр гардида буд.
«Автобусҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Тошканду Фарғона, аз Шаҳритӯс ба Тирмиз, аз Исфара ва Конибодом ба Қӯқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона раҳсипор мешаванд», - гуфт манбаъ.
Равуои автобусҳо ба шаҳрҳои Ӯзбекистонро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати «Asian Express» анҷом дода, ширкати Ӯзбекистонро Агентии нақлиёти автомобилии ин кишвар муайян мекунад.
Нархи сафар ва ҷадвали равуои автобусҳо пас аз вохӯрии навбатии намояндагони ҳарду кишвар баъди 20 апрел дар Тошканд маълум мешаванд.
Қаблан дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон итминон дода буданд, ки зимни гузаштани сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофирон ба ҳеҷ мушкилие дучор нахоҳанд шуд.
«Дар қаламрави гузаргоҳи сарҳадӣ мусофирон аз автобус берун баромада, баъди санҷиши хеле кӯтоҳмуддати назорати сарҳадиву гумрукӣ ба сафар идома медиҳанд», - хабар дода буд ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Қобили зикр аст, ки равуои автоубсҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буданд.
Аз моҳи апрели соли гузашта байни Тошканд ва Душанбе баъди танаффуси 25-сола алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд.
Нимаи моҳи марти соли 2018 реҷаи раводид байни кишварҳо бекор шуда, акнун шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба қаламрави ҳамдигар равуо намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста