Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоири мардумӣ Бозор Собир, ки айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Сиэтл (ИМА) бистарӣ аст, маблағ ҷудо намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, маблағи ҷудошуда (миқдораш маълум нест, - идора) аллакай ба ҳамсари шоир Гулчеҳра дода шудааст.
«Вазъи саломатии Бозор Собир ноустувор аст: баъзан муваққатан рӯ ба беҳбудӣ оварда, сипас боз бад мешавад», - иброз дошт ӯ. - Ман огаҳам, ки президент аз вазъи солимии шоир нигарон буда, бо қарори ӯ ҳукумат барои муолиҷаи Бозор Собир маблағи кофӣ ҷудо намуд».
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки наздики ду ҳафта аст, ки намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар бемористон паҳлӯи Бозор Собир қарор доранд, ки дар табобати шоир ба наздикони ӯ кумак мекунанд.
«Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои муолиҷаи шоир табибони беҳтарин ҷалб карда шаванд, - гуфт Низом Қосим. - Ташхисҳои Бозор Собир ҷиҳати муоина ва таҳлил ба Маскав ва Олмон фиристода шуданд».
Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бемории шоир огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дод, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста