Семинари ҳаштуми ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар мавзӯи "Татбиқи амалии принсипҳои баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе 24-25 апрели соли 2018 баргузор мегардад.
Дар кори семинари оянда зиёда аз 70 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат, мутахассисони гендерӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, мушкилоту ситезаҳои мавҷудаи занону духтарони ёши Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
Ин семинари дурӯза ҳаллу фасли якчанд масъалаҳои доғи рӯзро дида мебарояд: аз душвориҳои занон дар дастрасӣ ба кори шоиста ва имкониятҳои иқтисодӣ то пешгирӣ ва мубориза бар зидди зӯроварии ҷинсӣ, ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии занон ва дигар масъалаҳо.
Мақсади асосии семинари мазкур ин тақвияти созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки ҳар рӯз бо масъалаҳои гендерӣ сару кор доранд, мубодилаи иттилоот ва ривоҷи робитаҳо байни ин созмонҳо ва инчунин муколама миёни онҳо ва мансабдорони ҳукумат мебошад.
Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Ҳидает Бишчевич атрофи нақши муҳими созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳаллу фасл намудани мушкилоти зиёд, аз ҷумла, пешбурди баробарии гендерӣ ибрози ақида карда, мегӯяд:
"Ҷомеаи шаҳрвандӣ шарики хуб ва боэътимоди давлат аст ва ҷалби он барои тавсеаи ҳуқуқи занон, ки ба тамоми ҷомеаи тоҷик таъсири бевосита расонида метавонад, хеле муҳим аст. Баробарии гендерӣ яке аз арзишҳои асосии Аврупо аст ва Иттиҳоди Аврупо ба ин масъала диққати хос медиҳад. Бинобар ин, Иттиҳоди Аврупо ҳамаи тадбирҳоеро, ки давлати Тоҷикистон барои таҳкиму ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти имкониятҳои онҳо аллакай андешидааст, бо хушнудӣ мепазирад. Боварӣ дорам, ки ин семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ барои муҳокимаи муфид миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ва шахсони мансабдори Тоҷикистон дар масоили гендерӣ имкони хуб медиҳад ".
Семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ - як ҷузъи Муколамаи солона оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, доираи васеи масоилро дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ мекунад.
Яке аз мақсадҳои асосии семинар ин аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия намудани тавсияҳои умумӣ мебошад, ки онҳо баъдан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо омӯхта шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста